Қироншоҳ Шарифзода: Ман душмани инқилоб ҳастам!

26754147_10215501357985948_297222020_nСухан гуфтан аз рӯзгоре, ки барои худи ту бӯйи кулбаи момоӣ мекунад, сахт сангин аст

Сухан гуфтан аз армонҳое, ки умре дар ангораҳои хиёлу хотир, мисоли муқаддастарин моли дунё мебофиву менозӣ, дилро ба дард меорад.

Сухан гуфтан аз хотироти ширини гузашта, ки ашк бар дида равон месозад ва роҳи нафас қабза-қабза баста мешавад, мушкилтарин азиятест, ки барои қаттолтарин душман орзу намекунӣ.

Сухан гуфтан аз Марде падрахта ва фурӯ рафта дар олами рӯъё ва хомӯшӣ саҳл амре нест, зеро бояд «армони варо зи хомӯшиҳо бояд дарёбӣ».

Сухан гуфтан аз нафаре, ки дар Симою Сирати ӯ Идеали пайраҳаи интихобкардаатро нек дармеёбӣ, ба осонӣ даст нахоҳад дод.

Сухан гуфтан аз Инсоне комил, рӯзноманигоре асил мисоли Қироншоҳи Шарифзода нерӯ ва покизагӣ металабад.

Катибаи аввал:

Фарзанди комсомол

Эй хати тақдири ман, охир чӣ сон кӯрат кунам?

(Лоиқ).

    — Додоҷони Атовулло дар як мусоҳибааш гуфта буд, ки агар рӯзе шаваду ман ҳайати эҷодии рӯзномаи «Чароғи рӯз»-ро бори дигар сарҷамъ орам, беармон мемирам. Ба андешаи Шумо дар сари Ато Ҳамдам, — собиқ сардабири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ҳам ягон вақт ба ҳамин монанд андеша пайдо шудааст ё не?

— Инро аз худи Ато Ҳамдам пурсед. Лекин дар ҷашни 70-солагии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон»), дар бинои собиқ кинотеатри Хаштуми март, ҳангоми суханронӣ ба толор муроҷиат карда гуфт:

-Онҳое, ки бо ман кор кардаанд, хохиш аз ҷой хезанд.

Вақте мо даҳ нафар аз ҷой хестем, аҳли толор ба ифтихори мо кафкӯбии дурудароз карданд. Ва ман инро эҳсос кардам, ки Ато Ҳамдам хабарнигоронашро ҷустуҷӯ кард.

Воқеан, давраи сармуҳарририи Ато Ҳамдамро дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» давраи тиллоии рӯзнома мегӯянд ва ҳамон вақт низ мегуфтанд, ки Ато Ҳамдамро аз вазифа гиранд, «Комсомоли Тоҷикистон» мемурад. Вале шояд андешаи ман дигар хел бошад. Зеро ман ба он мӯътақид ҳастам, ки рӯзнома то он вақт аллакай пойдевори мустаҳкам дошт ва аллакай  ҳамчун як манбаи гирд омадани нирӯҳои тозаи ҷавон маъруф буд, новобаста аз он ки дар сари мансаби муҳаррирӣ кӣ меистод. Барои мисол, вақте Ато Ҳамдам аз вазифа рафт, баъди он Талъат Нигорӣ омад ва он вақт ҳам бисёриҳо фикр мекарданд, ки ӯ бо супориши боло омадаасту дигар барои озодандешӣ ҷой нест. Вале, баръакс шуд, нуфузи нашрия боло рафту паст не.

— Бисёриҳо ба ин андеша ҳастанд, ки  сабаби аз вазифа рафтани Ато Ҳамдам мақолаи Мирбобо Мираҳим «То ба кай об аз таги ях меравад?» буд.  Ҳарчанд худи Ато Ҳамдам  расман нагуфтааст, аммо ишораҳое ҳам ҳаст, ки маҳз нашри ин мақола Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистонро маҷбур кард то аз баҳри Ато Ҳамдам- дарозумртарин сармуҳаррири рӯзномаи номбурда гузарад…

— Ман ҳоло агар дар ин маврид батафсилтар сухан гӯям, каме худситоӣ мешавад. Аммо воқеа аз он шурӯъ шуд, ки пленуми сеюми Кумитаи  марказии Комсомоли Тоҷикистон масъалаи тарбияи интернатсионалии ҷавононро баррасӣ кард. Албатта, мо ҳамчун нашрияи КМ КТ ин масъаларо дунболагирӣ кардем, силсиламақолаҳо аз боби тарбияи интернатсионалӣ ба нашр расонидем. Аммо мо ин масъаларо аз чаҳорчӯбаи шахшуда берун баровардем. Яъне, интернатсионализмро мо чунин фаҳмидем, ки он баробарии миллатҳо аст, на аз паси як миллат рафтан ё ситоиши фақат як миллат. Мақолаи Мирбобо Мирраҳимов маҳз дар ҳамин давра рӯи чоп омада буд. То андозае ман сабабгори чоп шудани ин мақола шудам, зеро масъули ин шӯъба будам. Он вақт ман ин мақоларо на ба Мирбобо Мирраҳимов, балки дар шӯъбаи фалсафаи Академияи илмҳо ба Сайфулло Сафаров супориш дода будам. Аммо пас аз ҳафтае Сайфулло ба идораи рӯзнома омада гуфт, ки ман фурсати навиштани мақоларо надораму онро Мирбобои Мирраҳим менависад. Ман ки Мирбоборо мешинохтам, розигӣ додам. Ростӣ, Мирбобо дар болои мақола як моҳ кор кард ва пеш аз чоп барои онро каме «мулоим кардан», мо се соат баҳс ҳам кардем. Ахиран, ӯро розӣ намудаму мақоларо ба қавле «сабук» кардем. Баъдан онро барои чоп супоридаму худ ба сафари хизматӣ рафтам. Пас аз баргаштан, мақоларо дар шакли аввалааш чопшуда дидам, ки он замон аллакай дер шуда буд.

— Ин мавод бо Кумитаи Марказии Комсомоли Тоҷикистон  мувофиқа шуда буд ё не?

— Не. Чунки он вақт  КМ КТ аз болои маводи нашрия назорат намекард. Аз тарафи дигар, шояд Кумитаи Марказй умед надошт, ки мо ба ин масъалаҳо ин қадар сахт таваҷҷӯҳ мекунем. Зеро ин мақолаҳо зери рубрикаи «Татбиқи қарорҳои пленуми сеюми Кумитаи Марказии Комсомол» чоп мешуд. Албатта, баъди чопи ин мақола сару садоҳои зиёд бархост.

Як чизро ёдовар бояд шавам, ки Додоҷон дар шӯъбаи ман ба ҳайси «мухбири озод» кор мекард ва пешакӣ аз чопи чунин мақола огоҳӣ дошт. Баъдан, вақте сари он баҳс шуд, Ато Ҳамдам ба «фишоровари»-ҳои Додоҷон тоб наовард. Чунин ҳолат айнан як маротибаи дигар рух дода буд.

— Яъне, дар хулоса Шумо сари ҳамин андеша ҳастед, ки сабаби аз вазифа рафтани Ато Ҳамдам маҳз ҳамин мавод буд?

— Натанҳо ин, балки силсилаи мақолаҳо. Чунки баъди он як мақолаи бисёр сахти Додоҷон чоп шуда буд, ки гумон мекунам хонандагони «Комсомоли Тоҷикистон» хуб огоҳӣ доранд…

— Фикр мекунам, шумо мақолаи «Уштура гуфтам ғамза кун, полеза вайрон карду рафт»-и Додоҷон Атовуллоро дар назар доред, ки шояд дар таърихи матбуоти тоҷик  бори аввал шогирд зидди устодони худ мақола навишта буд. Вале Шумо гуфтед, ки муҳаррири шӯъбае будед, ки Додоҷон дар он кор мекард. Чӣ гуна шуд, ки Шумо ба нашри ин мавод иҷозат додед?

— Тавре дар боло ишора кардам, ростӣ намедонам ин тасодуф аст ё чизи дигар. Вақте фелетони Додоҷон бо сарлавҳаи зикршуда ба нашр расид, он вақт низ ман дар сафари хидматӣ будам. Албатта, он вақт ман дастнависи ӯро дида, гуфта будам, ки беҳтараш онро чоп накунем, лекин Додоҷон гуфт, ки «онҳо моро танқид карданд, мо ҳам бояд ҷавоб гардонем». Вақте фаҳмондам, ки онҳо ҳаққи устодӣ доранду хуб намешавад, ӯ «хуб»-гуфта, мақоларо бозпас гирифта буд, вале…

Тавре гуфтам, пас аз он ки аз сафари хидматӣ баргаштам, дидам, ки мақола чоп шудааст ва он боз як баҳси дигарро ба миён овард.

— Дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» як рубрикаи миёни хонандагон маҳбубияти зиёде дошта бо номи «Мулоқоти ғоибона» чоп мешуд, ки Шумо масъул будед. Бигӯед, ки идеяи он чӣ гуна пайдо шуд ва ба андешаи Шумо оё он то як андоза хусусияти тарғиботӣ надошт?

— Аввалан, ташаббускор ва мутасаддии ин рубрика Додоҷон буд ва маҳз ин пешниҳодаш дар яке ҷаласаҳои таҳририя ва муҳокима  қабул шуда буд. Додоҷон як хислате дошт, ки ҳар чизеро мегуфт, онро чунон асоснок мекард, ки кас гумон мекард, ӯ ҳақ аст. Воқеан, аз ҷиҳати тарғиботиаш ин рубрика баъдан низоъҳои зиёдеро ба миён овард. Чунки он вақт чунин сӯҳбатҳое, ки рӯзномаро тарғиб мекард, на ба муассисон ва на ба дигарон маъқул намешуд. «Комсомоли Тоҷикистон» ин қолабро шикаст ва боре бо аъзои ҳайати таҳририя мулоқоти ғоибонаи хонандагонро ороста, ҳатто бо аксҳо нашр намуд. Ин албатта, аз нуқтаи назари журналистикаи онвақта ба бисёриҳо хуш наомад ва дар нашрияи ҳизбии «Тоҷикистони Советӣ» тақризи устод Иброҳим Усмонов нисбат ба ҳамин мавод чоп гардид.

— Бо вуҷуди он ки баъди рафтани Ато Ҳамдам, баъзе журналистони саршинос аз рӯзнома низ рафтанд, давраи Талъат Нигорӣ бо як чизи аҷиб ҷамъбаст гардидааст. Ин ҳамон талош барои озодии иқтисодии нашрия мебошад. Ба андешаи ман, ин аввалин ва охирин эътирози ғайриоддӣ дар таърихи матбуоти тоҷик буд. Рӯзнома ду тарафи саҳифаҳои аввали худро холӣ гузошта, танҳо бо акс ва чунин зерматн: «Бо ин ҳама камбудиҳо, мо механдем» эътирози худро ба мавқеи муассиси рӯзнома изҳор кард.  Ва баъди ин ногаҳон Талъат Нигорӣ аз кор рафт. Оё ин ягон пайвандӣ дошт?

— Тафсилоти аз кор рафтани Талъат Нигориро ростӣ, намедонам. Аммо он чиз аниқ шуд, ки «Комсомоли Тоҷикистон» дар давраи Талъат Нигорӣ номашро иваз кард, яъне «Ҷавонони Тоҷикистон» шуд, ҳамчунин мавқеи рӯзнома болотар рафт, дар он давра теъдоди нашрия хеле зиёд гардид.

— Вале, сабаби аз вазифа рафтани сармуҳаррири навбатӣ – Оқилхӯҷа Фахриев ҳам ба мавқеъгирии Кумитаи Марказии Комсомол вобаста буд. Чунки дар пленуми навбатӣ масъалаи ба кормандони«Ҷавонони Тоҷикистон» хона додан бардошта шуду оқибат сабабгори аз вазифа рафтани ӯ гардид…

— Муттаассифона, ҳангоми аз вазифа рафтани Оқилхӯҷа Фахриев ман аллакай дар рӯзнома кор намекардам. Вале дер кор накардани ӯ дар мансаби сармуҳаррири «Ҷавонони Тоҷикистон» пешакӣ маълум буд. Вай ҳатто баъзе маводро ба муассис пешакӣ нишон медодааст, ки чунин муҳаррирӣ ба аҳли эҷоди «Ҷавонон» писанд набуд.

Катибаи дуввум:

Фарзанди асил

Инсон аввал пайраҳаи худро интихоб менамояд.

Дар идома, худи пайраҳа Инсонро хоҳад бурд.

(Тарасов).

— Дар зиндагии Шумо баъди «Ҷавонони Тоҷикистон» тағйироти ғайричашмдошт рух дод. Яъне, ба ҷои он ки ба ягон рӯзномаи мустақили вақт ба кор равед, баръакс, ба рӯзномаи парлумонии «Садои мардум» ба кор омадед. Сабаб дар чӣ буд? Шояд то андозае норизо будан аз мавқеъгириҳои нашрияҳои мустақил?

— Ман ҳеҷ гоҳ аз мавқеъгириҳои рӯзномаҳои хусусӣ норозигӣ надоштам, вале аз сиёсати пешгирифтаи эҷодии онҳо дар мавриди озодии сухан розӣ набудам. Зеро нашрияҳои навпайдои мо баъзан бисёр тунд менавиштанд.  Ҳамчунин, ман табиатан тундгуфториро намеписандам. Ҳарчанд дигар рӯзномаҳо низ ба кор даъват карданд, аммо як сабаби интихоби «Садои мардум»-и навтаъсис дар он аст, ки ман хабарнигори парлумонии «Ҷавонон» будаму аз ин самт огоҳии бештар доштам. Ҳамчунин, сабаби дигар дар он мебошад, ки шахсияти Муродулло Шерализода, ки мо чанд нафар рӯзноманигорони ҷавонро ба нашрияи нав даъват намуд, барои ман идеал буд.

Катибаи саввум:

ГКЧП

Инқилоб сари фарзандони

 худро хоҳад хӯрд

(Ленин).

— Шумо дар давоми фаъолиятатон шоҳиди  ду ГКЧП будед. Яке дар «Ҷавонони Тоҷикистон» зидди Ато Ҳамдам ва дигаре дар «Садои мардум» алайҳи Муродулло Шерализода. Ин ЧП – ҳо аз ҳам чӣ фарқ доштанд?

— ГКЧП-и воқеӣ албатта дар «Ҷавонони Тоҷикистон» мебошад, зеро он дар замони Шӯравӣ буд. Қисса дароз аст, вале ман мавқеи худро дар ёд дорам: Гуфта будам: ба ҳимояи касе намеравам, мавқеи рӯзномаро ҳифз хоҳам кард. Барои ман мавқеи нашрия  аз мавқеи шахс муҳимтар аст. Талоши мо барои мавқеи «Комсомоли Тоҷикистон» буд ва ин кашокаш се моҳ давом кард.

Ҳангоми «ГКЧП»-и «Садои мардум» бошад, ман муваққатан дар ин нашрия фаъолият намекардам. Зеро вақте Насрулло Асадуллоев рӯзномаи созмони «Ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон»-ро бо номи «Тоҷикистон» ташкил дод, маро ба кор даъват кард. Чун ман ин пешниҳодро рад кардам, Муродулло Шерализода маро наздашон хонда гуфтанд: «Насрулло Асадуллоевро бояд дастгирӣ кард». Аз ин рӯ, мо Шуморо муваққатан, сафари хидматӣ гуфта, ба ин нашрия мефиристем, корро ки ба роҳ мондед, бармегардед».

Он вақт ҳатто шаҳодатномаи хидматии «Садои мардум»-и маро нагирифтанд, гуфтанд, ки бо худат бошад.  Шумораи аввалини рӯзномаи «Тоҷикистон» 22 марти соли 1992 чоп шуд ва ман то моҳи август он ҷо будам. ГКЧП дар «Садои мардум» маҳз дар ин миён рух додааст. Баъдан, фаҳмидам, қисса чунин будааст: гурӯҳи журналистони «Садои мардум» гӯё аз сиёсати роҳбарияти он дар мавриди инъикоси гирдиҳамоиҳои майдонҳои пойтахт розӣ набудаанд ва дар «Ҷавонони Тоҷикистон» номаи эътирозӣ ба нашр расониданд. Вақте ин мактубро хондам, ба «Садои мардум» рафта, ба ҳамаи онҳое, ки зери нома имзо гузошта буданд, норозигии худро баён кардам. Ба яке аз онҳо, ки ба ман ҳаққи устодӣ доштанд, гуфтам:

— Номаъқулие кардед, ки таърих намебахшад.

Гуфтанд:

-Дарк кардам, ки ин амали мо нодуруст будааст.

— Аҷиб… Вақте дар «Комсомоли Тоҷикистон» маводи танқидӣ чоп мешавад, Шумо дар сафари хидматӣ, дар «Садои мардум» ГКЧП мешавад, нестед. Ин тасодуфӣ аст ё «ҳушёрӣ»-и Шумо?

— Шояд ин ба табиати ман вобаста аст. Чунки ман инқилобро дӯст намедорам, табадуллотро намеписандам, мехоҳам ҳама кор табиӣ, бо роҳи таҳаввулот пеш равад.

— Баъди ба «Садои мардум» омадан, то ба имрӯз дар ин нашрия ҳастед. Сабаби «дарозумрӣ» чист?

— Як лаҳзае ба ёдам мерасад. Дар як нишасти ғайрирасмӣ ман, Додоҷон, Отамуроди Бекмурод, Шамсиддини Насриддин, Мавлон Раҷаб, Раҷабалӣ Исматуллоев аҳд карда будем, ки агар аз кор зӯран пеш накунанд, аз «Комсомоли Тоҷикистон» то нафақа намеравем. Вале сарнавишт дигар будааст. Дар «Садои мардум» аз рӯзи аввал фаъолият дорам ва онро мисли фарзанди худ дӯст медорам.

— Дар ҳамин ҳол, маҳз «Садои мардум» Шуморо аз журналисти мубориз ба журналисти «ором» табдил дод. Дигар Шумо ба равиши дарё рафта истодаед. Ба ин андеша мувофиқ ҳастед?

— Ба равиши дарё нарафтаам, аммо муқобили ҷараён ҳам рафтан осон нест. Вале дар давраи кор дар «Ҷавонони Тоҷикистон» ба муқобили дарё рафтан осонтар буд.

Катибаи чаҳорум:

Мушт ва ангушт

Шахсе ду маротиба ба болои боми

хонааш баромада, фарёд кашид, ки:

— Хонаам сӯхт!

Мардум ҷамъ омаданд, вале

маълум гардид, ки мард дурӯғ гуфтааст.

Вақте хонаи мард оташ гирифт,

ҳарчанд фиғон бардошт, касе бовар накард.

(Масали мардумӣ).   

— Имрӯз аз поймол шудани ҳуқуқи журналист зиёд мегӯянд. Вале ҳангоми фаъолият дар «Комсомоли Тоҷикистон» Шумо бо Ҷӯрабек Назриев «задухӯрд» карда будед. Ин ҳодиса чӣ гуна сурат гирифт?

— Бархӯрди ман бо Ҷӯрабек Назриев дар солҳои демократикунонӣ рӯй  дод. Он вақт мансабгирӣ тавассути интихобот сурат мегирифт. Дар интихоботи директори Институти забон ва адабиёти АУ се номзад пешниҳод шуда буд. Ва ман бо   Додоҷон Атовуллоев вазифадор шудем, ки раванди интихоботро инъикос кунем. Мубориза ҷиддӣ буд, мо мушоҳидаҳоямонро дар шакли гузориш ба табъ расонидем. Дар ин мақола, лаҳзаи танаффусро, ки Ҷӯрабек Назриев  беқаророна варақаҳои овоздиҳиро назди ҳамкоронаш бурда, пур карда, ба қуттӣ мепартофт, тасвир намудем. Пас аз чопи мақола, Ҷӯрабек Назриев идораи рӯзнома омада, ба ҷойи нишасти Додоҷон ишора кард:

-Канӣ ин сагбача?

Додоҷон набуд. Вай ногаҳон ба ман нигариста, гуфт:

— Инаш ҳамин ҷост.

Баъдан, маро ба берун кашолакунон, чанд мушт зад. Дар ҳамин лаҳза қаровулзан ин ҳолатро дида, ба милиса занг зад.  Ҳарчанд парвандаи ҷиноӣ боз карда буданд, аммо бо хоҳиши Кумитаи Марказии Комсомол аз даъво гузаштем.

— Агар ихтиёр ба худи Шумо мебуд, ба суд муроҷиат мекардед?

— Мо чунин тасмим доштем, вале Ҷӯрабек Назриев узрнома навишта, расман бахшиш пурсид.

— Ҳамзамон бо фаъолият дар «Садои мардум» Шумо устоди ДДМТ ҳастед. Ин дилсӯзӣ ба насли нав аст ё ба хотири дарёфти унвони илмӣ?

— Ин хоҳиши устод Воҳид Асрорӣ буд ва ман онро рад накардам. Дар давраи зиндагии эшон бо факулта ҳамкорӣ доштам, вале танҳо баъди марги он кас ба ин даргоҳ омадам. Ғайричашмдошт, маро аз рӯзи аввали кор дар факулта ба ҳайси «муаллими калон» қабул карданд. Боқӣ, ба чизе ноил шудаам ё не, бигзор шогирдон баҳо диҳанд.

— То имрӯз журналистеро надидам, ки хоста бошад то фарзандаш роҳи ӯро идома диҳад. Аммо ду фарзанди Шумо дар факултаи журналистика таҳсил мекунанд…

— Рост, ду фарзанди ман дар факултаи журналистика таҳсил доранд, ки ин хоҳиши худи онҳо буд. Вале ман дар дохилшавии онҳо саҳм надорам, барои баҳо пеши касе нарафтаам. Дар ҳамин ҳол, фикр мекунам  таҳсил дар факултаи журналистика маънои дар оянда ҳатман журналист шуданро надорад. Муҳим, соҳиби андеша гарданд.

— Дар давоми беш аз сӣ соли фаъолияти журналистӣ,  лаҳзахои фаромӯшнашаванда буданд?

— Ҳар рӯзи фаъолиятро ёд дорам, вале онро сабт намекунам. Ба қавли як ҳамкорам «агар қиссаи зиндагиамро ба дарё нақл кунам, оби чашми дарё хушк хоҳад шуд».

— Таъиноти журналистикаро метавонед бо як ҷумла ҷамъбаст кунед?

— Журналист бояд на ба шахсе, на ба мақоме, балки ба ҷомеа хизмат кунад.

Катибаи панҷум:

Хушбахт оне аст, ки аз нигоҳ ба пайраҳаи

тайкардааш наметарсад ва аз нигоҳ

ба дирӯзи зиндагиаш ҳарос надорад

(Аз дафтари хотира)

Замоне ман ва як зумра аз ҳамсолони қаламкаш, ҳам дар сӯҳбатҳои расмӣ ва ҳам тавассути ВАО, ба «устоднадида» будани насли хеш, маҳз насли Қироншоҳро айбдор медонистем. Ҳатто кор то ҷое расид, ки Сайидалӣ Сиддиқ баробари маро дидан, шӯхиомез мегуфт:

— Илтимос, аз наслҳо ёдовар нашав!
Вале, вақт собит кард, ки ин насл хидмати азимеро барои мо анҷом додааст, ки имрӯз онро эҳсос менамоем:

 Ин сарнавишти талхи ин насли ба ҷанг кашида ва саркӯфтаву шикаста аз ҷанги шаҳрвандӣ баромада, буд.

Ва имрӯз, ки паҳлӯи мо «Ҷомеа»-и Қироншоҳ гоми нахустро гузошт, ниҳоят, баробари шодбоши ӯ бо рӯзномаи нав ва ҷашни панҷоҳсолагиаш, нафаси сабук мекашем:

Илоҳо муваффақ шавад ва роҳнамои мо бошад!

Кош, дуои мо мустаҷоб гардад!

Хуршед Атовулло

Аз муаллиф: Сӯҳбат даҳ сол муқаддам, дар арафаи ҷашни панҷоҳсолагии қаҳрамон ба нашр расида буд. Чун дидам, ки далелу арқоми он кӯҳна нашудааст, Қироншоҳ Шарифзодаро бо шасти камолот табрик гуфта, дубора пешкаши хонанда менамоям.

Оставьте комментарий